Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» баргузор гардид

РӯдакӣДар қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави  соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба қобилияти баланди ҳунари эҷодӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои  замони Истиқлолияти давлатӣ даври ҷамъбастии  озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 250 нафар ҷавонону наврасони дӯстдорони шеъру сухан ва тарона иштирок намуданд.

Дар ин бора аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи шартҳои муқарраршудаи озмун иштирокчиён аз рӯйи маҳорати шоирӣ, навозандагӣ, композиторӣ ва ровигӣ рақобат намуданд, ки дар натиҷаи  холгузории ҳакамон зиёда аз 30 нафар ғолибон муайян гардида,  ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо ин тарбия намудани насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ,  ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»