Дар ноҳияи Шаҳринав «Маркази ҷавонон» ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Шаҳринав «Маркази ҷавонон» мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони маркази мазкур соли 2013 оғоз гардида, он бо харҷи беш аз 2 млн. сомонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
«Фаъолияти ин марказ ба ҷавонон барои баланд бурдани малакаи касбиву корӣ, забономӯзӣ ва воқиф будан аз технологияи муосир мусоидат менамояд»,- иброз дошт Сайфиддин Давлатзода, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи марказ.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард: «Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии кишвар дастгирии давлату Ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш хело ҳам назаррас арзёбӣ гардида, дар ин самт пайваста барои ин қишри ҷомеа силсилатадбирҳо андешида мешаванд».
Ёдовар мешавем, ки дар рафти ифтитоҳи «Маркази ҷавонон»-и ноҳияи Шаҳринав намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, фаъолону ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: