Дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод масъалаҳои рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, дар мавзеъҳои таърихӣ фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳӣ дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ 7 октябр зимни сафари кории ҳайати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод бо масъулини мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ташаббускор баррасӣ гардиданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари ҳайати кории кумита бо мақсади баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, сурат гирифт.

Дар вохӯриҳо роҳбарияти Кумита барои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ тавсияҳо дод.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони сарбаланди вилоят ва соҳибкорони саховатманду пешсаф бо маром идома дошта, инфрасохтори сайёҳӣ рушд намуда истодааст.

Дар вилоят таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, алахусус мақбараи “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ”, “Қалъаи Ҳулбук, оромгоҳи “Хоҷа Машҳад”, мавзеи “Чилучорчашма”, мазори “Ҳазрати Султон”, шаршараи “Сарихосор”, мавзеи “Чилдухтарон” ва дигар мавзеъҳо ҷалб карда истодаанд.

Соли равон Кумита барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, силсиласуҳбату мулоқот, тренингу омўзишҳо, конфронсу корвонҳои матбуотиро бо иштироки рӯзноманигорон пиёда намуд, ки баҳри муаррифӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии вилоят Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ мавзеъҳои тамошобоби Хатлонро дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ муаррифӣ намуда истодааст.

Ҳамоҳангсози ТИКА дар шаҳри Душанбе Ибраҳим Эрбир бо ҳайати Кумита сафар намуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳии кишоварзӣ (агротуризм) ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби бонувони ҳунарманд омодагии худро изҳор намуда, дар самти таҳияи лоиҳаҳои грантӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ нақшаҳои муштарак тасдиқ намудааст.

АМИТ «Ховар»