Дар пойтахт иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид

Имрӯз, 11 декабр,  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  доир гардид.

Дар кори иҷлосия раиси шаҳри Душанбе, муовинони раис, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар ин бора аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, ҳамчунин  зикр карданд, ки

вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд. Ба рӯзномаи кори иҷлосия  5 масъала –  оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67,  ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2016, баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», оид ба тасдиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017 «Дар бораи Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 — 2025» ва тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид шуда буданд.

«Дар ибтидо иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз 19 ноябри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67 ҷамъбаст намуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳавзаҳои номбурда тасдиқ кард.

Дар иҷлосия Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян кард»,- афзуд манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар моҳҳои январ — сентябри соли 2017 ба 7510,0 (ҳафт миллиарду панҷсаду даҳ) миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 17,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 22,9 фоиз, хизматрасонӣ 73,2 фоиз  ва андозҳо 3,9 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли равон рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 103,6 фоиз, боркашонӣ 101,4 фоиз, гардиши савдои чакана 101,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 103,7 фоиз таъмин гардидааст.

 Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1406,6 (як миллиарду чорсаду шаш) миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1фоиз зиёд мебошад.

АМИТ "Ховар"