Дар Рим ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Италия баргузор гардиданд

30 январ дар Рим даври дуюми ройзаниҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, парлумонӣ, фарҳангу маориф ва мубориза бо хатару чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дигар масъалаҳои эҳтимоми муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: