Дар шаҳри Берлин шоми фарҳанги тоҷик доир гардид

13 апрели соли 2017 дар яке аз толорҳои ҳунарии шаҳри Берлин бо ташаббуси якҷояи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон шоми фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.
Барои иштирок дар барнома аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, ҳамватанони муқими Олмон, донишҷӯёни тоҷик, аҳли фарҳанг ва ихлосмандони санъату мусиқии тоҷикӣ ҷамъ омаданд.
Дар оғози маҳфили фарҳангӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ва Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон доктор Александр Хайзер оид ба муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар 25 соли баъди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии ҳарду кишвари дӯст сухан гуфтанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки танҳо бо баргузор кардани барномаҳои фарҳангӣ метавон таъриху фарҳанги қадимаи тоҷиконро дар байни мардумони Олмон ташвиқу тарғиб намуд.
Овозхони шинохта Парвин Юсуфӣ бо суруду таронаҳои дилнавоз хотири ҳозиринро шод карда, ҳунарпешаи анасамбли рақсии «Зебо» Ҷамила Абдуллоева рақсҳои зебои тоҷикиро иҷро кард, ки писанди иштирокчиён гардид.

АМИТ "Ховар"