Дар шаҳри Хоруғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -шаҳри Хоруғ намоиши маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед таъкид дошт, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки доир намудани чунин намоишгоҳҳо ба ҳунармандони мардумӣ имкон медиҳад, то маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, онро ба ҳамагон муаррифӣ намоянд. «Дар ин замина ҳунармандон метавонанд барои маҳсулоти истеҳсолнамудаашон харидор пайдо намоянд», — иброз дошт раиси вилоят.
Ширкаткунандагони намоиш иброз доштанд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемонеаи ҳунарҳои мардумӣ саъй бар он мекунанд, ки бо тайёр намудани маҳсулоти баландсифат ҳунарҳои мардумии тоҷикони кӯҳистонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ созанд.

АМИТ "Ховар"