Дар Суғд ғолибони мусобиқаи волейбол байни донишҷӯён муайян шуданд

Бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон мусобиқаи даставии волейбол, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд ташкил шуда буд, ба охир расид. Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд

Баъди бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ғолибон ва дастаҳои пешсафи мусобиқа муайян гардиданд. Чаҳор дастаи пешсаф ва ғолиб дар ҷараёни мусобиқа бозии хуб нишон дода, бо риояи қоидаҳои дар Федератсияи байналмиллалии волейбол пешбинишуда ҳарифонро мағлуб намуданд.

Дар давраи нимниҳоӣ дастаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи Мактаби варзишии бачагонаи ноҳияи Б.Ғафуров, дастаҳои ДДҲБСТ ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон байни ҳам сабқат карданд. Бо нишон додани бартарии варзишӣ дастаи волейболбозони ДДҲБСТ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфта, дар натиҷа дастаи ДДҲБСТ ҷойи аввал, Академияи ВКД мақоми дуюм, зинаҳои баъдиро Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон ва Мактаби варзишии бачагонаи ноҳияи Б.Ғафуров соҳиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар доираи барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020», ки моҳи ноябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, бо Ҷом, медал, диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: