Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар лигаи минтақавии «КВН»-«Ала-Тоо» ҷои аввалро соҳиб шуд

Дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони Тоҷикистон ғолиби лигаи минтақавии «КВН»-«Ала-Тоо»-и шаҳри Бишкек гардид.
Тавре Хайрулло Мирсаидов, роҳбари дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар озмуни минтақавии «КВН» ба Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ дод, ин пирӯзӣ дар 15 соли мавҷудияти даста нахустин бор сурат гирифтааст.
«Ин ғалаба ба дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон имкон дод, то соли 2017 дар ҷашнвораи байналмилалии ҳозирҷавобон, ки дар Сочи баргузор мешавад, иштирок намоянд»,-илова кард Хайрулло Мирсаидов.

АМИТ «Ховар»

Tags: