Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аввалин бозиро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 бо ғалаба оғоз кард

Дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол   бозии аввалини худро дар Ҷоми Президенти Қазоқистон бо ғалаба оғоз кард. Рақиби   футболбозони навраси тоҷик дар ин давр  дастаи  мунтахаби наврасони  то 17-солаи Арманистон   ба ҳисоб мерафт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин вохӯрии ҷолиб  бозингарони дастаи  мунтахаби наврасони    Тоҷикистон  бартарӣ доштанд, вале ҳисоби бозиро кушода натавонистанд.

Дар оғози қисмати дуюми сабқат футболбозони ҷавони арманӣ пешсаф шуданд. Баъдан Аҳлиддин Тӯрдиев Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддиновро ба майдон ворид намуд. Маҳз ҳамин тағйирот бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар идомаи рақобат пурқувват кард. Зимни бозии минбаъда ҳар ду футболбоз ба дарвозаи ҳариф якголӣ зада, пирӯзии дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таъмин намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: