Дилшод Назаров дар мавсим мақоми сеюмро касб намуд

Мавсими навбатии силсиламусобиқа оид ба гурзпартоӣ — IAAF Hammer Throw Challenge ба фарҷом расид. Пешгоми мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук  Дилшод Назаров дар ҷамъбасти 9 силсиламусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардид. Нахустин ва асосӣ чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон буд, ки ба қарибӣ баргузор шуд ва дар он варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 77,22 м партофта, мақоми ҳафтумро касб кард. Ғолиби мавсими гурзпартоӣ варзишгари  лаҳистонӣ Павел Файдек бо 248.48 хол дониста шуд. Ҷойи дуюмро ҳамватани ӯ  Войсех Новитский (236.32 хол) ва зинаи сеюмро  Дилшод Назаров (231.40) ишғол намуданд.

ТВ Варзиш