Довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд, метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак онро барқарор намоянд

markazi_milli_testi.jpgМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, мерасонад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак аз телефони мобилиашон барқарор намоянд. Хизматрасонии мазкур танҳо барои муштариёни операторҳои алоқаи мобилии Билайн, Вавилон-М, Мегафон ва Тселл дастрас мебошад.
Фиристодани SMS-паёмак пулакӣ буда, арзиши он 1 (як) сомониро дар бар мегирад.
«Довталаб наметавонад рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашро бо истифода аз телефони мобилие барқарор созад, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон надодааст ё онро ҳамчун телефони хона ба қайд гирифтааст»,-хабар доданд аз Маркази миллии тестӣ.

АМИТ "Ховар"

Tags: