Духтари Ислом Каримов дар бораи Мирзо Улуғбек филм сохт

Лола Каримова-Тилоева, духтари президенти нахустини Ӯзбекистон  Ислом Каримов дар таҳияи филм дар бораи набераи Амир Темур (Темурланг) - олим ва ситорашинос Улуғбек саҳм гузоштаст.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик ин филм ба намоиш гузошта мешавад.
Филми ҳуҷҷатии "Улуғбек. Аз миёни хорҳо ба сӯи ситораҳо" нахустин таҷрибаи филмсозии хонаводаи Тилоевҳо аст.
"Филми ҳуҷҷатӣ ба зиндагӣ ва фаъолияти олиму муттафакири асрҳои миёна Мирзо Улуғбек бахшида шудааст. Идеяи таҳияи филм кайҳо боз пайдо шуда буд. Ин шахсияти таърихӣ маро аз хурдиам мафтун карда буд. Улуғбек, як шахсияти ҳамадон, олими бузург ва ҳокими одил сифатҳои зиёди инсониро дар худ дошт. Улуғбек - шахсияти барҷастаест, ки аз марзҳои замонӣ ва минтақавӣ фаротар рафтааст", - менависад Лола Каримова дар саҳифаи Фейсбук.
Дар филми мазкур бозигарони ҷаҳонии олами синамо мисли Венсан Кассел, Арманд Ассанте, Франсиско Овалле, инчунин бозигарони ӯзбек амсоли Маъруф Отажонов, Ҷавоҳир Зокиров ва Ҳошим Арслонов нақш офаридаанд.
Филми Улуғбекро коргардони маъруфи ӯзбек Баҳодур Юлдошев сабт кардааст. Дар ин филм коршиносон ва олимон аз Бритониё, ИМА, Фаронса, Ӯзбекистон, Дания, Русия ва Нидерландия дар бораи Улуғбек назар медиҳанд.

Tags: