Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо иштирок мекунанд

Аз 9 то 13 августи соли равон дар Чили Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин чемпионат 441 нафар варзишгарон аз 68 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд.

Дар чемпионати мазкур аз ҷумҳурии мо 5 нафар варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде пеш (13-14 июл) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар мусобиқаи дзюдочиён Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов чемпиони Осиё гардида буданд.

Tags: