Эъҷози сухан ва беҳтаринҳои он

Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Озмун дар доираи иқдому ташаббусҳои маорифпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, лаёқатмандонро дар номинатсияҳои шеърдониву китобхонӣ муаррифӣ кард.

"Эъҷози сухан" - аввалин озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, ғолибон, яъне беҳтарин китобхонҳо ва шеърдонҳоро муаррифӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" бо ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, бо ҷалби тамоми кормандони бахшҳои техникиву эҷодии воҳидҳои сохтории дастгоҳи асосии идеологии кишвар - Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 4 рўз идома ёфт.

Аввалин озмуни адабии шеърдониву китобхонӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни баргузорӣ бо хусусият ва вижагиҳо ибратбахш, роҳнамокунанда ва дорои дурнамои нек унвон гардид.

Доир ба ташкили озмун ва натиҷаҳои он аъзои ҳакамон Боймурод Шарифзода чунин ибрози назар намуданд:

Озмуни “Эъҷози сухан”, ки дар доираи иқдому ташаббусҳои маорифпараварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дастовард ва иқдоми хуб аст, зеро ин сохтор дастгоҳи муҳими идеологии мамлакат дониста мешавад.

Дар ин робита ин чорабинӣ баҳри равнақ, боз ҳам боло бурдани савияи дониш, маҳорати касбӣ ва лаёқати суханварии кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмўъ хабарнигорон таъсири мусбат хоҳад гузошт.

"Эъҷози сухан" – чун озмуни аввалини адабӣ бо ҷалби чеҳраҳои соҳаи телевизиону радио ва дигар бахшҳои фаъоли Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва бойу ғанигардонии фонди луғавии аҳли эҷод пеш гирифта шуд.

“Мо миллати китобем” – бо чунин шиор ва истиқболи самимӣ аз чунин иқдом, барои ширкат дар озмуни аввалин 160 нафар довталаб номнавис гардида, давоми 4 рўз, аз рўйи лаёқати зеҳнӣ ва маҳорати суханварӣ дар 2 номинатсия: назм ва наср, бо шеърдониву китобхонӣ фаъолона иштирок намуданд.

Инак, баъди омўзиш ва баҳодиҳии дақиқи ҳакамон, ки аз рўйи шартҳои услуби баён, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва истифодаи истилоҳҳо ҷиддӣ сурат гирифт, лаёқатмондон сазовори диплом ва мукофотпулиҳо гардиданд.

Баъди иштирок дар Озмуни адабии шеърдониву китобхонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Эъҷози сухан” Парвина Самандарзода ғолиби ҷойи якум аз рўи китобхонӣ таассуроти худро чунин баён намуд:

Дарвоқеъ барои ман на ғолибият, балки иштирок дар ингуна тадбир муҳим буд. Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" роҳнамо, ибратбахш ва тақвиятдиҳандаи ҳунару маҳорати мост, ки он дар кору фаъолият ва рушди минбаъдаи мо басо муҳим мебошад.

Маҳорати баланди суханварӣ, баёни андеша бо тахайюли зеҳнӣ, қироат ва нутқи бурро дар давоми 4-рўзи муаррифии малака бо талаботҳои риояи вазну қофия, тарзи дурусти талаффузи калимаву мисраъҳои шеърӣ миёни бештар аз 160 довталаби Озмуни адабии шеърдонию китобхонии "Эъҷози сухан" дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 нафар бо мукофоти асосӣ ва 39 нафар бо мукофотҳои иловагӣ қадрдонӣ гардиданд.

Фарзона Раҳмонова - иштирокчии дигари Озмуни “Эъҷози сухан”, ки иловагӣ номнавис гардида буд, аз майлу рағбат ва ҳавасмандии тамоми эҷодкорон хушнудӣ кард:

Боиси сарфарозист, ки дар байни кормандони сохторҳои марбут ба Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат чунин озмуни адабиву маърифатӣ ташкил гардид ва мо аз иштирок дар он рўҳбаландем.

Мо бо ширкат дар Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" аз лаёқати ҳамдигар ошно шудем ва зарурати тақвияти онро дар раванди ҷаҳонишавӣ, хосса ҳамрадиф будан дар пешравиҳои иттилоотиву комуникатсионӣ дарк кардем.

Инак, бо тартиби хоси холгузории ҳакамон, 78 нафар дар шеърдонӣ ва 64 нафар аз рўи китобхонӣ баҳогузорӣ гардида, 2 нафар ба ҷойи якум, 4 нафар ба гирифтани ҷойҳои дуввум ва 6 нафар ба ҷойи 3-юм сазовор дониста шуданд.

Яке аз иштирокчиён ва ғолибони Озмуни "Эъҷози сухан" Наргис Каримова аз вилояти Суғд таассуроти худро чунин нигошт:

“Мо миллати китобем”. Озмуни адабии шеърдонию китобхонии “Эъҷози сухан” идомаи ташаббус ва иқдоми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли эълони озмунҳои умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон - ватани азизи ман” мебошад, ки бешак барои соҳибилм гардидани тамоми табақаи аҳолӣ ва соҳибтамаддун будану соҳибкитоб будани мардуми тоҷикро устувор нигоҳ медорад.

Мо аз ин озмун на натиҷаи якбор, балки дурнамои некро интизорем ва ба дастовардҳои нав ба нави маърифативу адабии аҳли эҷод дар оянда боварӣ дорем.

Инак, дар рўзи ҷамъбастии Озмуни адабии шеърдонию китобхонии "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушнудӣ эҳсос гардида, аз рўи натиҷаи таҷрибаи аввалин иқдоми навбатӣ муаррифӣ гардид. Ҳамакнун, Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" ҳар охири сол дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳамзамон 3 маҳфили дигари адабӣ, “Сеҳри Сухан”, “Дурри маънӣ” ва “Гулбонги адаб” ташкил мегарданд.

Шаҳодатнома, мукофот ва сипоснома, иштирокчиёни аввалин Озмуни адабии шеърдонию китобхонии "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ бо мукофоту ифтихорномаҳои озмуни суханварӣ сарфароз гардиданд.

Интиҳои «Эъҷозӣ сухан» - аввалин озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ чун ҷашнвора сурат гирифта, беҳтаринҳоро муайян намуд, ҳамин тариқ бо ҳамовозӣ шиори ягона муаррифӣ шуд: “Ғолиб - кулли иштирокчиёни озмун!”