«ЭҲЁИ СИНАМО». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба 120-солагии асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов форуми байналмилалӣ доир шуд

 Имрӯз дар доираи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Эҳёи синамо» бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов доир гардид. 

Дар форум киношинос Саноат Азизова аз фаъолияти Комил Ёрматов дар «Тоҷикфилм» ёдовар шуда, меҳмонон ва насли ҷавонро бо фаъолияти ин ҳунарманд шинос намуд. Ҳамзамон синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа дар бораи ҳунари ин эҷодкори асил суҳбат намуданд. Дар форум китоби «Возвращение» — и Комил Ёрматов рӯнамоӣ гардид.

Дар ин китоб хотираҳои Комил Ёрматов аз беҳтарин лаҳзаҳои ҷавонӣ, таҳсил дар Москва, фаъолияти нахустини кориаш дар «Тоҷикфилм» ва фаъолияти минбаъдааш дар «Узбекфилм» муфассал тасвир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» аз 15 то 19 октябри соли 2023 дар пойтахти мамлакат баргузор гардида, ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида мешавад.

 

 

 

Tags: