Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад»

«Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе назардошти афкори мардум метавонад боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад», — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват карданд, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумаки фаврӣ намоянд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амният сухан ронда, зикр доштанд, ки «терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ҳамчун таҳдидҳои асосии амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд».

Ёдовар мешавем, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок доранд.

Дар  нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

АМИТ «Ховар»