Фестивали либоси миллӣ: дар шаҳри Кӯлоб намудҳои гуногуни либоси миллии занона ба намоиш гузошта шуд

Дар шаҳри Кӯлоб Фестивали либоси миллӣ баргузор гардид. 
Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар боғи фарҳангии шаҳр  баргузор гардид.
Зимни  фестивал занону ҷавондухтарон шаклҳои гуногуни либоси миллиро бо тарҳи замонавӣ ба маъраз гузошта, зебогию шинамӣ ва мутобиқати онро ба фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик намоиш доданд.

АМИТ "Ховар"