ФЕСТИВАЛИ «ТАБИАТВАҲШ-2019 » ДАР БАДАХШОН! Барои сайёҳи экологӣ фаҳмидани он ки Тоҷикистон макони бабри барфӣ аст, кофист, то азми сафар ба ин давлат намояд

Ин навбат Фестивали дӯстдорони табиат-«Табиатваҳш-2019»  дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир карда шуд. Фестивали чорум маҳз ба ҳифзи ҳайвони нодири Тоҷикистон- бабри барфӣ бахшида шуд, то сокинони минтақаҳои баландкӯҳ дар борааш маълумоти бештар пайдо кунанд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти «Барс-2010» аз ташкилкунандагони асосии фестивали имсола мебошанд.

Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, яке аз ҳадафҳои асосии Фестивал ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии нодир, бахусус бабри барфӣ мебошад. Зеро аксари деҳаҳои  ВМКБ дар доманакӯҳҳо ҷойгиранд, ки дар наздикии онҳо ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд.

Ба маълумоти номбурда, 70% масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ва Помир ҷойгир шудааст. Бабри барфӣ низ ба  феҳрасти ҳайвонҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта шомил мебошад. Аз рӯи маълумоти «Китоби сурхи Тоҷикистон», то аввали солҳои 80-уми асри гузашта шумораи бабри барфӣ  дар мамлакат тақрибан 300 сарро ташкил медод. Тибқи саршумори тахминии имрӯза, шумораи бабри барфӣ дар Тоҷикистон 350 сарро ташкил медиҳад ва шояд аз ин ҳам бештар бошад.

«Имрӯзҳо дар Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон баҳри ҳифзи бабри барфӣ якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд. Олимони Институт ба таҳқиқ ва омӯзиши ҳаёти эволютсионии ин ҳайвони нодир машғул буда, дар наздиктарин фурсат дар бораи бабри барфӣ маълумоти дақиқ пешниҳод мегардад»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Дар Фестивали имсола 400 нафар, ки миёни онҳо сайёҳони хориҷӣ низ дида мешуд, ширкат варзиданд. Инчунин намунаи ҳунарҳои дастӣ, бозиҳои қадимии миллӣ, рақсу таронаҳои мардумии сокинони ин минтақа ва дастовардҳои хоҷагии халқи  ноҳия Мурғоб намоиш дода шуд. Зикр гардид, ки чунин фестивалҳо на танҳо робитаи инсонро ба табиат боз ҳам қавӣ месозанд, балки дар рушди риштаи сайёҳӣ низ нақши муассир мегузоранд.

Дар доираи фестивал миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии ин ноҳия дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист, махсусан ҳайвоноти нодир  озмуни «Иншои беҳтарин», ки эълон гардида буд, ки он дар ин рӯз ҷамъбаст гардид. Аз ҷониби ташкилкунандагони фестивал ба ғолибони озмун туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали якум соли 2015 дар мавзеи зебоманзари Вездараи ВМКБ доир гардида буд. Гузаронидани фестивал оид ба табиат дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нав буда, маҳаки онро се рукн- инсон, табиат ва фарҳанг ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии ташкили Фестивал таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба муҳити атроф, ба табиате, ки моро иҳота кардааст, ҷалб намудан аст. Ҳадафи дигар- эҳёи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дониши мардуми тоҷик дар бораи ҳифзи табиати ваҳшии атроф,  ташкили бозори молҳои истеҳсоли мардуми маҳал ва ҷалби сайёҳони экологӣ ба Тоҷикистон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зисти нодиртарин ҳайвони ваҳшӣ – бабри барфӣ мебошад. Барои сайёҳи экологӣ фаҳмидани танҳо ҳамин нукта, ки Тоҷикистон макони бабри барфист, кофист, то азми сафар ба ин давлат намояд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Tags: