Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Аз  16 то 20 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад. Форуми  мазкур бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин бора  аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар  Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун:  гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, саъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли кишвар ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, ки  дар доираи Форум ҷавонон аз мавзеъҳои таърихию мадании шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дидан менамоянд. Инчунин баргузории  аксияҳои гуногуни тарғиботӣ — ташвиқотӣ, аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд ва барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.

АМИТ«Ховар»