Гулнора Ҳасанзода: «Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз зиёд шудааст»

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (якҷо бо хоҷагиҳои аҳолӣ) дар давраи ҳисоботӣ 9393,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,2 фоиз зиёд шудааст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода манзури намояндагони воситаҳои ахбори омма намуд.

«Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли меваҷот дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 1,8 фоиз зиёд гардида, ба 123515 тонна расонида шудааст.  Себ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,2 фоиз зиёд ва зардолу 0,7 фоиз кам шудааст. Истеҳсоли ангур дар моҳҳои январ-июни соли 2020 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 2148 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9 фоиз зиёд мебошад», — илова намуд Г. Ҳасанзода.

Ба иттилои номбурда, дар ин давра, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 8,5 фоиз ва чорвопарварӣ 7,5 фоиз афзудааст. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 606443 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст. Истеҳсоли гандум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли картошка дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 196815 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 фоиз кам мебошад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ 15,0 фоиз ва  зироати полезӣ 16,4 фоиз зиёд шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: