Гусели дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро-2016

Имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии либосҳои ягонаи миллии варзишӣ ва гусели дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Женейро – 2016 баргузор гардид.

Дар маросими мазкур роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ширкати ватании «iamdifferent», Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ, рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ва иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Рио-2016 иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маросим Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода хотирнишон намуд, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии   Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори «Тарзи ҳаёти солим – мароми мо!» дар даврони соҳибистиқлолӣ намудҳои алоҳидаи варзиш дар радифи иншооти зиёди сохташуда ва фароҳам овардани шароити созгор дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд карда истодаанд. Абдуллозода зикр намуд, ки дар асоси супоришҳои дахлдори Пешвои миллат Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли сипаригардида баҳри таҳияи тарҳи либосҳои ягонаи миллии варзишӣ озмун эълон намуда буд, ки дар он ширкати ватании «iamdifferent» ғолиб дониста шуд.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки тарҳи либосҳои миллии варзишӣ аз ҷониби ширкати номбаршуда бо назардошти нишонаҳои миллӣ ва рангҳои Парчами давлатӣ омода гардидааст.

Ба ҳозирин либосҳои варзишӣ, аз қабили футболка бо нақшу нигори миллӣ, футболка бе накшу нигори миллӣ, полои варзишӣ, либоси варзишии футболӣ, гарданбанд (шарф), кулоҳ (кепка), либоси тамринӣ, борхалтаи варзишии сарикитфӣ ва ҷувздони чархдор намоиш дода шуд.

Дар фарҷом  роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ширкати «iamdifferent» ба варзишгароне, ки ба бозиҳои олимпии тобистонаи РИО-2016 роҳхат гирифтаанд, инчунин шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо маҷмӯи либосҳои ягонаи миллии варзишӣ тақдим гардида, ба онҳо зимни иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Женейро муваффакиятҳо таманно намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: