Ифтитоҳи Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ Комбинати металлургии тоҷикро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар майдони умумии 15 гектар замин бунёд шуда, барои корҳои сохтмониву васлкунӣ 250 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар рафти бунёди корхона низдики 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 6 — уми декабри соли 2012 зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин корхона ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Зимни мулоқот бо сохтмончиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.

Фармоишгар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фароз» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТНК» мебошад.

Комбинати металлургии тоҷик аз 6 сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи тайёрии истеҳсолот, рехтагарӣ, ҳаллоҷӣ, пойгоҳи азоти оксигенӣ, пойгоҳи насос ва зеристгоҳи 100 мегавата иборат аст.

Аз рӯйи нишондодҳои лоиҳавӣ корхона соли аввал 80 — 120 ҳазор тонна маҳсулоти маъданиро истеҳсол ва коркард мекунад. Солҳои оянда имкон аст, ки ин шумора то ба 200 ҳазор тонна расонда шавад.

Дар ин ҷо 7 намуди металлҳои сиёҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура, оҳани секунҷаю чоркунҷа, лулаҳои оҳании гуногуншакл, қубурҳои қутрашон гуногун ва дигар хулаҳои оҳанӣ истеҳсол мекунад. Дар корхонаи металлургӣ таҷҳизоти навтарин аз Федератсияи Русия ворид ва насб карда шудааст. Корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли арматураҳои қутрашон аз 12 то 27 милиметраро ба роҳ мемонад.

Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳои кони Шоҳқадамбулоқи вилояти Суғд ашёи хом ворид намоянд, ҳамчунин дар ҷойи кони мазкур роҳбарият корхонаи ғанигардонии маъдан бунёд карданианд.

Бо ифтитоҳи комбинати металлургӣ дар навбати аввал 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд, ки маоши миёнаи онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли дигар маҳсулоти оҳанӣ шумораи коргарону мутахассисон афзоиш ёфта, ба беш аз 1500 нафар мерасад.

Айни замон Комбинати металлургии тоҷик яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корхонаи мазкур дар раванди саноатикунонии мамлакат, таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо маҳсулоти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузорад.