Ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳаи гулгашти мазкур дар ҳамин ҷо Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо баландии 48 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 30 адад нишастгоҳ насб гардида, ҳамчунин 3 фаввора ва 4 гузаргоҳи ороишӣ ҷой дода шудаанд.

Гулгашти мазкур дар масоҳати 4800 метри мураббаъ сабзазор ва гулкорӣ гардидааст. Барои нигоҳдории мошинҳо таваққуфгоҳ бо сад ҷой сохта шудааст. Он дар муддати бештар аз ду моҳ бо ҷалби 60 нафар коргари маҳаллӣ қомат афрохтааст.

Дар ин мавзеи истироҳатӣ 50 адад чароғҳои гуногун бо баландии аз 3 то 20-метр насб гардидаанд ва шабонгоҳ гулгашти мазкур хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва гулгашт дар шаҳри Бӯстон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи бузургтарин ҷашни миллӣ “30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои арзанда дода, барои баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар ин мавзеи зебо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.