Имрӯз дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони ВАО Тоҷикистон бо рӯзноманигорони ӯзбек баргузор мегардад

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шоми дирӯз гурӯҳи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе  ташриф оварданд. Онҳоро дар даромадгоҳи шимолии пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ва ҳамкасбони тоҷикистонӣ зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Гурӯҳи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи сафари худ аз  ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ Тоҷикистон дидан намуда, як қатор вохӯриҳову суҳбатҳо доир менамоянд.  Аз ҷумла  имрӯз, 9 август дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» мулоқоти намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо  рӯзноманигорони ӯзбек  баргузор мегардад.

Директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт,  ки «нахуст ҳампешагони мо бо фаъолияти ТВ «Варзиш» ошно гардида, сипас  оид ба таассуроти сафари худ бо ҳамқаламони тоҷикистонӣ табодули назар мекунанд».

Хотиррасон менамоем, ки  сафари гурӯҳи намояндагони ВАО-и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз 1 то 4 августи соли равон як ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи аҳли илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиёи Ӯзбекистон дидору мулоқот анҷом доданд.

Ҳадафи сафар омодасозии мавод ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/  Ӯзбекистон  дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»