Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. 

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 19 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳарорати ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард хоҳад шуд.

«Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад»,-илова намуд манбаъ.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ  шуда, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"