Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани борону жола дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат ва жола дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 16 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво боронӣ шуда, эҳтимоли боридани  жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борону  жола ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 12-14 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"