Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш дар назар аст

Ба  иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар дошта шудааст.

Дар  вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11+13 ва рӯзона +22+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб ва шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +22+24 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи шуда, гармии ҳаво шабона +13+15 ва рӯзона +26+28 гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +24+26 дараҷа гарм мешавад. Шабона  ҳарорати ҳаво ба +10+12 расида, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад.

АМИТ "Ховар"