Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд

Имрӯз, 20 октябр, дар  Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. 

Имрӯз, тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22 ва дар шарқи ҳамин вилоят 5-10 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнокро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ ба 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар ағбаҳо ба амал омадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар ағбаҳо ба амал омадани туман дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Дар  шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 7-9  ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"