Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,  боридани борону барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, боридани борону барф      дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  1-6 дараҷа гарм  ва дар шарқи ин вилоят шабона 11-16   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар   ноҳияҳои кӯҳӣ шабона боридани борону барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8   метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +5+7  ва рӯзона  11+13   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда, шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон  ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар   ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар   назар аст.    Ҳарорат шабона ба +4+6  ва рӯзона  ба  10+12  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман  дар назар дошта шуда, ҳарорат  шабона 4+6  ва рӯзона +10+12  дараҷа гарм мешавад.