Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб 4-9  ва дар баъзе ҳолатҳо то 15-20 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8  ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда ва бебориш шуда, фаромадани туман дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +16+21   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорат шабона ба +0 +5  ва рӯзона  ба 13+18  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  ва бебориш шуда,   шабона 3+5  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"