Имрӯз ҳам дар кишвар ҳаво сард хоҳад буд

havo.jpgХунукии шадид ва ҳарорати пасти ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон имрӯз, 6 феврал боқӣ хоҳад монд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва шабона 2-7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Манбаъ меафзояд, ки эҳтимол дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим тармафароӣ низ идома ёбад.