Имрӯз ҳавои кишвар абрӣ ва тағйирёбанда боқӣ мемонад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 23 август дар бештари минтақаҳои  Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 36 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 13-18 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона  34-36 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"