Имрӯз Россия дар СММ ваксинаи «Спутник V»-ро муаррифӣ мекунад

Вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко 2 декабр дар СММ ваксинаи «Спутник V»-ро  муаррифӣ  мекунад. Фёдор Стржижовский, котиби матбуоти намояндагии доимии Россия дар СММ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки чорабинӣ дар шакли виртуалӣ сурат мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

 «Чоршанбе, 2 декабр соати 09:30 (тақрибан 19:30 ба вақти Душанбе – эзоҳи АМИТ «Ховар») дар ҳошияи 31-умин иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ   «Спутник V: ваксинаи зидди COVID-19» бо иштироки вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко, ФРСМ ва МИТЭМ ба номи Н. Ф. Гамалей чорабинӣ баргузор мешавад»,  — иброз намуд ӯ.

Дар моҳи сентябр президенти Россия Владимир Путин ҳангоми суханрониаш дар Ассамблеяи Генералӣ ваксинаи Россияро барои эмгузаронии ихтиёрии кормандони СММ пешниҳод карда буд.

Дар Россия ду ваксинаи зидди коронавирус ба қайд гирифта шудаанд: яктоашро Маркази миллии эпидемиология ва микробиология (МИТЭМ) ба номи Н.Ф. Гамалей ва дигарашро Маркази илмӣ — таҳқиқотии давлатии  вирусшиносӣ ва биотехнологии “Вектор”-и ба номи М.П.Чумакови Академияи илмҳои Россия коркард кардаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: