«Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат». Абдуҷаббор Раҳмонзода дар курси бозомӯзии ҲХДТ дар ин мавзӯъ маърӯза кард

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода имрӯз зимни оғози курси бозомӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат» маърӯза намуда, аз ҷумла доир ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, махсусан  дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби табақаҳои мухталифи ҷомеа ва фаро гирифтани онҳо бо барномаҳои фарҳангӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» иброз дошт, ки «узви фаъоли ҳизб бояд барои боздид аз муассисаҳои таълимӣ, назорати сатҳу сифати таълим дар онҳо ва инчунин ҳаллу фасли мушкилоти ҷамъиятӣ саҳм гузорад».

Тавре пештар иттилоъ додем, имрӯз дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳисбӣ»  курси бозомӯзӣ оғоз  гардид.

Дар идомаи маърӯза Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба омодагии тамоми қишрҳои ҷомеа ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин саҳми аъзои ҲХДТ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин чорабинии муҳим сухан гуфт.

Дар фарҷоми маърӯза иштирокчиёни курси мазкур ба саволҳои худ посух гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: