Интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе

Дирӯз дар якчанд ҳавзаҳои интихоботии  шаҳр интихоби вакилони нави Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  ба ҷои вакилони ваколаташон пеш аз муҳлат қатъшуда, баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ шуруъ аз соати 06:00 субҳ дарҳои  худро барои интихобкунандагон боз намудаанд. 

Гуфта мешавад дар ҳавзаҳои №25 ва №62 дар умум 7492(ҳафт ҳазору чорсаду наваду ду) нафар интихобкунанда барои интихоби номзадҳои сазовори  халқ номнавис шудаанд ва мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз рӯи шумораи иштироки интихобкунандагон то соати 12:00-и вақти маҳаллӣ беш аз 63 дарсади райъдиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд ва ҳамин тавр интихобот барпошуда,  эълон гардидааст.  

Ҳамчунин дар ҳавзаҳои интихоботии №4, №8, №23 ва № 24 интихоби вакилон ба ҷои вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Исмоили Сомонӣ доир шудааст.  

Сарчашма меафзояд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии № 25 ва №62-и шаҳри Душанбе ва ҳавзаҳои интихоботии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ соати 20:00-и вақти маҳаллӣ ба анҷом расида, натиҷаи онро комиссияи шаҳрии интихобот баъд аз ҷамъбасти кори ҳамаи ҳавзаҳо рӯзи 03.04.2017   эълон мекунад.

Tags: