Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд. Ҳоло бартарафсозии тармаҳои боқимонда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш муташаккилона идома дошта, масъулин кӯшиш доранд, ки роҳ дар наздиктарин фурсат кушода шавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Филиали ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки то эълони кушодашавии роҳ аз ҷониби филиали ширкат аз сафар тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чанок худдорӣ намоянд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АМИТ «Ховар»