Иштирокчиёни марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал-2020 муайян шуданд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт, 27 октябр аз Эрон ба Ватан баргашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби  футзали  Тоҷикистон  бо роҳбарии сармураббӣ Деян Дедович дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар Урмияи Эрон доир гашт, дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ се бозӣ баргузор карда, дар ду бозӣ бар дастаҳои мунтахаби футзали Непал (6:0), Афғонистон (5:2) ғалаба карда, аз дастаи мунтахаби  футзали Ӯзбекистон (3:9) мағлуб гашт.

Дар гурӯҳи «А»-и минтақаи Марказӣ/Ҷанубӣ Ӯзбекистон бо се пирӯзӣ ҷои аввал, Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби футзали  Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон (мизбон) ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо карданд. Дар минтақаҳои дигар низ бозиҳои интихобӣ баргузор шуда, ҳамаи 16 дастаи иштирокчии марҳилаи финалӣ муайян гардиданд:

  1. Туркманистон (мизбон)
  2. Лубнон
  3. Кувайт
  4. Арабистони Саудӣ
  5. Баҳрайн
  6. Уммон
  7. Ҷопон
  8. Чин
  9. ТОҶИКИСТОН
  10. Ӯзбекистон
  11. Эрон
  12. Қирғизистон
  13. Тайланд
  14. Индонезия
  15. Кореяи Ҷанубӣ
  16. Ветнам

Ёдовар мешавем,ки марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 27 феврал то 8 марти соли оянда дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: