Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”

22 марти соли 2018 дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони ҳамоиши мазкур изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад.

Таъкид гардид, ки азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Аз ҷумла, ин тадбир дар навбати аввал ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об  дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад. Дуюм баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат сурат гирад. Дар ниҳоят истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки чорабинии имрӯза дар мавриди муҳокимаи вобастагии мутақобил байни захираҳои об ва энергетикӣ, инчунин барои таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи фарогир, оқилона ва устувори захираҳои табиӣ саҳми иловагии худро хоҳад гузошт.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ниҳоди  СММ-Об, ЮНИСЕФ ва дигарон баромад карда, ҳалли мушкилоти обро аз маъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ арзебӣ карданд ва ба ҷониби Тоҷикистон барои пешниҳоди тадбири навбатӣ баҳри ҳаллии мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд доданд.