Иттиҳоди миллӣ-кафили ояндаи дурахшону босаодат.

Терроризм ва экстремизм, чун падидаи зиддибашарӣ хислати ҷаҳонӣ гирифта, дар шаклҳои гуногун зуҳур карда истодааст. Дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлатӣ, авҷи ҷангҳо итталоотӣ ва афзоиши муташаккили таҳдидҳои фаромарзӣ осебпазирии ҷомеаҳо ва давлатҳои миллӣ эҳсос мешавад. Рӯйдодҳои охир дар нуқтаҳои маълуми сайёра, нишон медиҳанд, ки терроризм ва ифротгароӣ ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Воқеан чунин зуҳуроти номатлуби аср, терроризму ифторгароӣ метавонад ба сарнавишти ҳар миллате дар сайёра хатарҳои воқеиро дар ҳар шакл бештар созад. Имрӯз терроризму экстремизм таҳдиди мустақим ба ҳаёти осоиштаи ҳар сокини сайёра дорад.
Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои гумроҳ сохтани сокинон, бахусус, ҷавонон ва ба ақидаҳои ифротӣ ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳо кӯшиш карда истодаанд. Донишмандон ва коршиносон тавсия медиҳанд, ки ҷавонони мо, бояд бо донишу биниши сиёсии худ роҳи дурусти тарақкиёти мамлкатро дида, пайравӣ намоянд. Дар пешрафти иқтисодӣ ва маънавии Тоҷикистон саҳм гузоранд ва аз афтидан ба доми ҳар гуна гуруҳҳои ифротиву террористӣ эҳтиёт бошанд.
Табиист, ки ҷавони зираку огоҳ ҳамонест, ки босавод асту пайваста мутолиа мекунад ва аз равандҳои ҷаҳонӣ ақиб намонда, дар хар ҳолат манфиатҳои миллӣ ва давлатии худро мешиносад. Мутаасифона хоинони миллат ва ватанфурӯхтагону хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳол аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ нисбати миллати мо даст накашидаанд. Онҳо аз хориҷи кишвар кушиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу ақидаи бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз таҳдидҳои асосӣ барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор рафта, муборизаи дастаҷмъонаро тақозо менамоянд. Террористону хоинон бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз бесаводии аҳолӣ сӯиистифода намоянд. Барои нафарони ифротгаро ягон муқаддасот- ватан, миллат, ва фарҳанг арзише надоранд. Ин гурӯҳҳо таҳти таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавононро ба гурӯҳҳои экстримистӣ шомил намуда, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, водор месозанд. Баъзе аз шаҳрвандон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, ба хотири соҳиби сарвату мол гардидан, рӯзгори осудаву ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ ба хотири манфиати дигарон, бар зидди давлату миллат фаъолият доранд, ки ин амали нангини онҳо аз ҷониби сокинони мамлакат маҳкум карда мешавад.
Ифротгароён ва хоинон шахсони фиребхӯрдае ҳастанд, ки ба сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надоштани ҳуввияти милливу эҳсоси ватанпарастӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, мисли дигар касони ба гуруҳҳои террористи шоил шуда, ба Ватан, миллат, оила ва падару модари худ хиёнат кардаанд. Террористон, хоинон ва ифротгароён дер ё зуд сазои ин амали нангини худро хоҳанд дид.
Нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасиссаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину манфуртарин амал дар тамоми фарҳангу дину ойин ва дар ҳамаи миллатҳову ҷомеаҳо хиёнат ба Ватан асту нобахшиданӣ ва номи ин гуна ашхос чун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.
Дар шароити пуртазоду пурҳаводиси минтақа ва ҷаҳон ҳимояи бузургтарин арзиш– истиқлолу озодӣ, аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, мо бояд аз гузашта дида бештару хубтар муттаҳиду сарҷамъ бошему барои ҳифзи давлату миллат, оромӣ, манфиатҳои милливу дастовардҳои соҳибистиқлолӣ вафодору содиқ. Пойдории сулҳу суботи Тоҷикистон, ба оромиву амнияти мамлкатҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд. Кишвраи мо дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Ва шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавиӣ дар роҳи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошад.
Мардуми тоҷик рӯзҳои вазнин ва талху пурташвишро солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки хоинону душманони миллат ба амал оварда буданд, бо хизматҳо, фидокорӣ ва азҷонгузаштанҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар намуд. Мардуми тоҷик ба зиндагии шоиста расиду ба суйи ояндаи боз ҳам хубтару беҳтар, дурахшону устувортар бо борномаву ҳадафҳои мусаххас равона аст.
Тоҷикистон ба қатори даҳ мамлакати ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.
Воқеияти бебаҳс ин аст, ки Тоҷикистон бо талошу корнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу заҳматҳои пайвастаи мардуми шарифи мамлакат рӯз то рӯз ободу зебо ва пешрафта мегардад. Дар кишвари азизамон бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳал шуданд. Роҳҳову нақбҳо, неругоҳҳои обии барқӣ обии хурду бузург, биноҳои боҳашамати истиқоматӣ сохта шуданд, мактабҳои нави замонавӣ бино гардиданд, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омаданд, маошу нафақа ҳар сол афзоиш меёбад. Кӯдакони бепарастор ва эҳтиёҷманд аз тарафи давлат сарпаратӣ мешаванд. Ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад, обрӯи байналмилалии давлати соҳибистиқлоламон торафт боло меравад. Ба муносибати 30-солагии ҷашни бузурги миллӣ истиқлоли давлатӣ, сохтмону барқарорсозии беш аз 25 ҳазор иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 18300 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат танҳо дар соли 2020 дар кишвар 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ҳамчунин барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандон зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ дар соли 2020 фароҳам оварда шуд. Набояд ин муваффақиятҳоро нодида гирифт ва ба онҳо бо дидаи қаҷбин назар кард. Ҳеҷ давлате дар ҷаҳон бе камбудӣ нест ва камбудиҳоро танҳо дар шароити оромию субот, марҳила ба марҳила бартараф кардан мумкин асту бас.
Хоинони миллат, аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ матнҳое, ки бо дархости хоҷагони хориҷиашон навиштаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонанд, аз мулки дигар ба сӯи Ватан, ба ҷое ки бояд барои оромиву пешрафташ саҳми худро гузоранд, санг мепартоянду туҳмату фитнаҳо мебофанд. Ин кори инсони солим ва боақл нест. Саромади назми тоҷик, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асоси ба ҳам омаданҳоро дар бардошт, таҳаммулу накӯи ва сабаби нифоқу низои дохилию беруниро дар носипосию сабру тоқат накардан, кибру ғурур, нодонӣ ва гумроҳии инсонҳо дониста, чунин фармуда буд:
Ҳама наюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,
Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.
Чун гузашта хоинону душманони миллат ба рушду тараққиёт, ва мақомҳои баланду мусбати Тоҷикистон дар раддабандиҳои гуногуни ҷаҳонӣ хушбин набуда, таҳамулу тоқати дидани муваффақиятҳову дастовардҳои миллати тоҷикиро надоранд. Ҳар пешрафту музаффариятҳои Тоҷикистон рашки хоинонро ба вуҷуд меораду мавқеи бе ин ҳам надоштаи онҳоро танг мекунад. Бо ноил гардидани мардуми тоҷик ба дастоврадҳо ва роҳандозии иқдомҳои нав ба нав дар рушди мамлакат, ватанфурӯхтагону террористон беқарор мешаванду бо таҳқиру бӯҳтон ва тӯҳмату дуруғ нисбати миллату давлат лоф мезананд. Душманони давлату миллат ба таври худ бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ ва бо истифодаи маблағҳои онҳо кушиш доранд, ки бо назафиребиву ҳарзагӯиҳо монеи рушди Тоҷикистон шаванду оромиву осудагӣ ва ҳамдиливу муттаҳидии мардуми сарбаланди моро осебпазир гардонанд. Дар ҳама давру замон тоифаи хоину нотавонбин ва нооқилу ноуҳдабаро ҳамеша буданду ҳастанд. Ва ин шоҳбайти бузургон маҳз барои чунин тоифа гуфта шудааст.
Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,
Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.
Бузургон
Ватанфурӯхтагону хоинон, террористону ифротгароён ҳеҷ вақт ба мақсаду ниятҳои баду сиёҳи худ нарасидаанду намерасанд. Ҳоло мардуми саодатманди Тоҷикистон барои сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба ободиву пешрафти Ватан, рушд додани иқтисодиёти мамлакат, донишандӯзиву илмомӯзӣ ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ пардохтаанд. Ва дақик медонанд, ки саодату рафоҳият ва рангиниву рушании зиндагӣ дар оромиву амният, ободии Тоҷикистон, дар паҳлуи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан аст. Ва инро ҳам дар ёд доранд, ки террористон, ифротгароён, хиёнаткорон ва душманону ватанфурӯхтагон як лаҳзам ҳам ба симои ин Ватану миллат, пешрафту оромии Тоҷикистон хушбин набуданду нестанд. Хоинону бешарофон ба Тоҷикистону мардуми тоҷик ҳамеша бадбахтӣ меоранду бас! Сокинони Тоҷикистон, хоса, ҷавонони бонангу номуси мамлакат, ин нуктаро бисёр хуб дарк мекунанд ва доимо зираку ҳушёранд. Мо роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватан-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафтатар мегардонем.
Кафолати асосии оромии зиндагии имрӯзи ҳамаи мо, хушбахтии ояндаи фарзандон ва пойдор мондану пешрафти Ватани ягонаамон Тоҷикистон - садоқат ба Ватан ва дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими субот ва пойдории давлат муттаҳид шудан аст. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар амри пешгирӣ аз хатарҳои радикализм ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром ва ҳамнаво бошем. Ин аст вазифаи олии инсонӣ ва рисолати пурифтихори ҳар як сокини Ватан ва ҳар як фарди хирадпешаву ватанпараст.
 
Бозчоп аз facebook.com
Tags: