Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 октябри соли 2017 №480
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми

Вазири рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Назризода С.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назризода Саидраҳмон Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 октябри соли 2017 №481
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Вазири рушди
иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Завқизода З.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Завқизода Завқӣ Амин муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 октябри соли 2017 №482
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи
давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор»
озод намудани Гадоиён Ш.Г.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Гадоиён Шокирҷон Гадо аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 25 октябри соли 2017 №483
ш. Душанбе

Дар бораи Директори Муассисаи давлатии
таълимии «Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор»
таъин намудани Саидзода М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саидзода Муҳаммадтоҳир Директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон