Қазоқистон нақша дорад ба Тоҷикистон ба таври ройгон техникаҳои низомӣ диҳад

Вакилони Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаи қонун «Дар бораи тасвиби Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникии ройгон»-ро тасдиқ намуданд, иттилоъ дод имрӯз Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ». 

Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Руслан Шпекбаев  зимни муаррифии санад дар ҷаласаи пленарии палата зикр намуд, ки Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кумаки техникии ройгони ҳарбӣ (минбаъд Созишнома) 17 апрели соли 2021 дар шаҳри Нур-Султон сурат гирифта буд.

Қабули Созишнома ба таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона гардида, баҳри мусоидат ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Бино ба хулосаи Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният, тибқи Созишнома, Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки бебозгашти техникӣ-ҳарбиро дар шакли моликияти ҳарбӣ месупорад.

Тибқи банди 3-юми Созишнома, ҷониби Қазоқистон супоридани моликияти ҳарбиро тавассути роҳи оҳан аз стансияи Отари вилояти Ҷамбул то ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (нуқтаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе) анҷом медиҳад.

Кумитаҳои Маҷлиси Ҷумҳурии Қазоқистон ба Созишнома баҳои  мусбат медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: