Дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чанок, аз километри 51 то 160 бориши барфу борон идома дошта, туман фаромадааст. Кормандони Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳро пайваста аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоянд.
АМИТ «Ховар»