Ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо мукофотпулӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуд

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб маросими қадрдонии ҳайати дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Фариза Абдуллозода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, ҳайати дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб,  варзишгарон ва мухлисони даста баргузор гардид. Дар  ин бора  аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон  ба  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни маросим ба ҳайати дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дар маҷмӯъ ба 25 нафар 37500 сомонӣ, яъне ба ҳар бозингар 1500 сомонӣ ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тақдим карда шуд.

Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо маҳорату малака ва таҷрибаи худ имсол соҳиби ду ҷоиза – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон ва барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум гардид. Соли оянда даста дар Лигаи олии Тоҷикистон ва Ҷоми  конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: