«Ҳосил-2020». Дар вилояти Суғд барои ҷамъоварии пахта ситоди махсус фаъолият мекунад

Дар вилояти Суғд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоят бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ Ситоди махсуси вилоятии «Ҳосил-2020» фаъолият мекунад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Тибқи нақшаи Ситоди вилоятии «Ҳосил-2020», ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат мегирад. Давраҳои минбаъдаи он ҳар 20-рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят парчами шараф барафрохта мешавад.

Ба ҳайати ситоди вилоятӣ масъулини ниҳодҳои марбута шомил буда,​ раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: