Ҳунармандони тоҷик дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷоизаҳои махсус гардиданд

ТВТ. 27.05.2022.  Дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ, ки аз 21 то 25 май дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён гирифт, се нафар ҳунармандони тоҷик ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар фестивал ҷойи ифтихорӣ бо маблағи 1300 доллари ИМА насиби зардӯз Салима Каримова ва ду ҷоизаи махсуси дигар бо маблағи 500- долларӣ насиби тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов ва ширкати ООО «Рухом» гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур беш аз 200 меҳмони хориҷӣ аз 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 112 ҳунарманд, 9 меҳмони фахрӣ, 4 ходими олии давлатии хориҷӣ ширкат доштанд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин фестивал намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоҳои заргар Дилмурод Шарифов, Малика Ҷӯраева, Кристина Илёс, зардӯзон Нарзӣ Қаландарова, Салима Каримова ва Наима Бобоева, инчунин намояндагони маркази ҳунармандии «Деҳаи гулзор» муаррифӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: