Кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай робитаҳо дар бахши сайёҳиро густариш медиҳанд

Аз 7 то 11 майи соли 2018 дар шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ҷаласаҳои корӣ лоиҳаи «Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  барои давраи солҳои 2019-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи Нақшаи мазкур масъалаҳои бароҳмонии ҳамкории ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмон, ҳамкорӣ дар самти татбиқи барномаҳои сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, оид ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва суғуртаи онҳо ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳиро фарогир буда, он аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ маъқул дониста шуд.

Татбиқи босамари Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии «Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020» барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи Созмон ва ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

АМИТ "Ховар"