Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чор нафар нақбканро аз чуқурии 270 метр наҷот доданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар нақбканро аз чуқурии 270 метр беосеб наҷот доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8, ки ба Ҷамъияти саҳомии кушоди «Ангишт»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд мансуб аст, ҳодисаи нохуш рух дод.

«Барои муайян намудани сабабҳои садама ва гузаронидани корҳои садамавиву наҷот 5 нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии Кумита дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов фавран ба ҷойи ҳодиса роҳсипор  гардиданд», — афзуд манбаъ.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар аввалин бозрасӣ маълум гардид, ки сабаби ҳодиса канда шудани қубури махзани интиқоли оби кони № 8 аз қубури гармидиҳанда будааст. Дар натиҷаи фалокат қубур ба кон-чоҳ сарозер шудааст ва роҳи хуруҷи ангиштканонро, ки ин замон дар дохил буданд, бастааст.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби наҷотдиҳандагони кӯҳии Кумита дар шаҳри Хуҷанд 4  нафар нақбкан  аз чуқурии  270 метр наҷот дода шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: