Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони кишварро аз эҳтимоли яхбандӣ ва тармафароӣ ҳушдор медиҳад

Шурӯъ аз пагоҳ дар ҳудуди  Тоҷикистон  бинобар боридани барфи тар эҳтимоли якбора сард шудани ҳаво ва омадани хунукиҳо пешгӯӣ мешавад.
Бинобар сардиҳои шадид Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки то 25 январи соли равон дар қаламрави мамлакат яхбандӣ ва дар минтақаҳои кӯҳӣ тармафароӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ, хатари гусастани хати алоқа ва интиқоли неруи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳаракати бе зарурати худро аз як ҷой ба макони дигар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд. Аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, ба хати интиқоли неруи барқ бештар диққат диҳанд.
Дар ҳамин иртибот кумита дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки зери боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистанд. Дар ин маврид ба рафтори кӯдакон бояд диққати ҷиддӣ дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: