Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад

21 июн  дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд.  Санади мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд.

«Маблағи умумии Лоиҳа 58,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардида,  он аз соли 2021 то соли 2027 татбиқ мегардад. Ҳадафи асосии Лоиҳа тақвияти заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад»,- афзуд манбаъ

Иттилоъ дода шуд, ки  маблағҳои ҷалбшуда дар доираи Лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳалл, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти Марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: